Таркишҳои шабона дар Душанбе

            Душанбе. 27-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шаби 25 ба 26-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ду ҳодисаи таркиш рух дод.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ доданд, шоми рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, тақрибан соати нӯҳуним дар назди шӯъбаи ҳамлу нақли фурудгоҳ дар кӯчаи Титови пойтахт таркиш рух […]



           

Душанбе. 27-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шаби 25 ба 26-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ду ҳодисаи таркиш рух дод.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ доданд, шоми рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, тақрибан соати нӯҳуним дар назди шӯъбаи ҳамлу нақли фурудгоҳ дар кӯчаи Титови пойтахт таркиш рух дод. Дар ҷойи ҳодиса боқимондаҳои дастгоҳи худсохти инфиҷорӣ дарёфт шудаанд. «Аз таркиш касе осеб надида, танҳо тирезаҳои чанде аз хонаҳои № 38 зарар диданд», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, тақрибан соатҳои 3-и шаб дар назди меҳмонхонаи «Тоҷикистон» инифиҷори дуввум ба вуқӯъ пайваст. Дастгоҳи тарканда дар зери дарахти арча гузошта шуда, бар асари инфиҷор дарахт аз ҷояш барканда мегардад. Дар натиҷа ба автомашинаи навъи «


Land




Cruizer


» зарар расонида шуд. Хушбахтона, дар ҳар ду маврид ҳам талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.




           

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 18-уми июл дар ноҳияи Дарвоз кормандони мақомоти қудратӣ се нафар террористонро боздошт намуда буданд, ки ният доштанд, дар шаҳри Душанбе як қатор амалҳои террористӣ доир созанд. Ба иттилои сарчашма дар яке аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, онҳо ҳам дар шаҳри Душанбе ва ҳам дар минтақаҳои дигари кишвар ҳаммаслакони худро доштанд, ки чанде аз онҳо низ дастгир шуданд. Акнун корҳои тафтишотӣ муайян хоҳанд кард, ки ҳодисаҳои таркиш ба боздошти террористон марбут аст ё на.




           

Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.