Доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон бобати ҳамасола даъват кардани ҳамоиши тиҷоратии муштарак ба мувофиқа расиданд

            Душанбе. 27-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи III -уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва илмиву фаннӣ дар Исломобод бо мақсади таҳкиму густариши ҳамкориҳои дуҷониба, доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон бобати ҳамасола даъват кардани ҳамоиши тиҷоратии муштарак ба мувофиқа расиданд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи […]



           

Душанбе. 27-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи


III


-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва илмиву фаннӣ дар Исломобод бо мақсади таҳкиму густариши ҳамкориҳои дуҷониба, доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон бобати ҳамасола даъват кардани ҳамоиши тиҷоратии муштарак ба мувофиқа расиданд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ иттилоъ доданд, ҷонибҳо истифодаи нокофии имконоти густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро қайд карда, ҳар сол дар яке аз кишварҳо созмон додани ҳамоиши тиҷоратии муштаракро зарур донистанд.




           

Зикр гардид, ки дар ҷаласа ҳамчунин масоили доир сохтани конфронсу семинарҳо оид ба қонунгузориҳо дар бахши савдои ҳар ду кишвар, таҳияи захираи маълумот дар бораи имконоти сармоягузорӣ, тавсеъаи ҳамкориҳои мустақим миёни намояндагони соҳибкории хурду миёна, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди санги мармар, канданиҳои фоиданок, истеҳсоли матоъ, пойафзол, масолеҳи сохтмон ва ғайра низ баррасӣ шуданд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.