Дар ҷараёни татбиқи марҳилаи дуввуми лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон – Зиғар 85 дарсади корҳо ба анҷом расиданд

            Душанбе. 27-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл зимни нишасти хабарӣ директори лоиҳаи «Сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон – Зиғар» Исмонқул Шоқулов изҳор дошт, ки айни замон дар ҷараёни татбиқи марҳилаи дуввуми сохтмони роҳ 56,2 дарсад (8,94 млн. $) аз ҳаҷми умумии маблағҳо азхуд карда шуда, татбиқи марҳилаи дуввуми лоиҳа дар мӯҳлати пешбинишуда – моҳи […]



           

Душанбе. 27-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл зимни нишасти хабарӣ директори лоиҳаи «Сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон – Зиғар» Исмонқул Шоқулов изҳор дошт, ки айни замон дар ҷараёни татбиқи марҳилаи дуввуми сохтмони роҳ 56,2 дарсад (8,94 млн. $) аз ҳаҷми умумии маблағҳо азхуд карда шуда, татбиқи марҳилаи дуввуми лоиҳа дар мӯҳлати пешбинишуда – моҳи сентябри соли ҷорӣ ба анҷом хоҳад расид.




Ба гуфтаи мавсуф, масофаи умумии роҳ дар марҳиллаи дуввум 9,75 километрро ташкил дода, то имрӯз дар


8 километр

корҳо ба сомон расидаанд, ки ба 85 дарсад аз ҳаҷми умумии корҳо баробар аст. «Ҳафтаи гузашта бо ҷараёни корҳо дар сохтмон муовини нахуствазири кишвар Муродалӣ Алимардон ва вазири нақлиёту коммуникатсия Абдураҳим Ашӯр шинос гардида, аз рафти корҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки сармоягузорони лоиҳа – намояндагони Бонки рушди Осиё низ ҷараёни корҳои сохтмонро хуб арзёбӣ намуда, ба маблағгузории марҳилаи саввуми сохтмон изҳори омодагӣ кардаанд.



Қобили зикр аст, ки амалисозии марҳилаи дуввуми лоиҳаи сохтмони роҳи мошингард 1-уми декабри соли 2007 оғоз гардида, анҷоми он дар мӯҳлати 22 моҳ пешбинӣ шудааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.