Ш.Зуҳуров: Чораҳои андешида ҷиҳати ҳалли мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ ҳанӯз кофӣ нест

            Душанбе. 27-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки ҳудуди 25-30 дарсади муҳоҷирони меҳнатие, ки соли равон ба ватан баргашта буданд, бинобар бӯҳрони молӣ дигар натавонистанд, ки ба ҷойи кори пештараи худ баргарданд.             Ба қавли вазир, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми […]



           

Душанбе. 27-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки ҳудуди 25-30 дарсади муҳоҷирони меҳнатие, ки соли равон ба ватан баргашта буданд, бинобар бӯҳрони молӣ дигар натавонистанд, ки ба ҷойи кори пештараи худ баргарданд.





           

Ба қавли вазир, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ба ватан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 28-30 дарсад коҳиш ёфта, наздик ба 750 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. «Чун айни замон ва минбаъд низ рушди кишвари мо ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ бастагии зиёд дорад, дар ин самт дар сатҳҳои гуногун қарордоду созишномаҳои зиёде ба имзо расидаанд, вале аксари

 

онҳо амал намекунанд», – гуфт ӯ.




           

Ш.Зуҳуров гуфт, мебояд ба мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ ҷиддӣ муносибат намуд ва бояд дар ин самт сохтори махсусе таъсис дода шавад, ки пурра ба масоили муҳоҷират сарукор дошта бошад. «Муҳоҷирати меҳнатӣ бояд масъалаи стратегии ҷумҳурии мо бошад», – афзуд ӯ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.