Ояндаи наздик баҳри беҳбуди вазъи роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 100 номгӯи техникаи нав мавриди истифода қарор мегирад

            Душанбе. 27-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаи «Беҳбуди вазъи роҳҳои мошингарди Тоҷикистон» ба ҷумҳурӣ 100 номгӯи техникаи нав барои хизматрасонии роҳҳо ворид шудааст.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» корманди маркази амалисозии лоиҳа Бозоралӣ Ҳаётов иттилоъ дод, лоиҳа дар ҳаҷми 6,6 млн. $ аз ҷониби воситаҳои бурсии Бонки таҷдид ва […]



           

Душанбе. 27-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаи «Беҳбуди вазъи роҳҳои мошингарди Тоҷикистон» ба ҷумҳурӣ 100 номгӯи техникаи нав барои хизматрасонии роҳҳо ворид шудааст.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» корманди маркази амалисозии лоиҳа Бозоралӣ Ҳаётов иттилоъ дод, лоиҳа дар ҳаҷми 6,6 млн. $ аз ҷониби воситаҳои бурсии Бонки таҷдид ва рушди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад. «Техникаи нав дар асоси шартнома миёни вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ ва ширкати «Синохайдро»-и Чин харидорӣ гардида, рӯзҳои наздик баҳри омӯзиши мутахассисони маҳаллӣ бо тарзи кори техника коршиносони чиноӣ ба Тоҷикистон меоянд», – гуфт ӯ.




           

Номбурда изҳори боварӣ кард, ки рӯзҳои наздик техникаи мазкур дар роҳҳои мошингарди кишвар ба кор шурӯъ хоҳад кард.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.