Сарбози гурехта ба як соли зиндон маҳкум гардид

Date:



           

Хуҷанд. 27-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Додгоҳи низомии шаҳри Хуҷанд сарбози яке аз қисмҳои низомӣ – Умаралӣ Акбаровро ба як соли зиндони тартиботи умумӣ маҳкум кард.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз додгоҳи мазкур иттилоъ доданд, У.Акбаров моҳи ноябр ба хизмати ҳарбӣ даъват гардида, пас аз як сол аз қисми ҳрабӣ мегурезад. «Моҳи майи соли ҷорӣ пас аз баргаштан аз Русия мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро боздошт мекунанд», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, сарбози гурехта сабаби ба ин амал даст задани худро ба муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар қисми ҳарбӣ вобаста кардааст, вале фармондеҳи взводи қисми низомӣ ин гуфтаҳои ӯро рад кардааст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...