Душанбе. 27-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шурӯъ аз 1-уми августи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон арзиши истифодаи барқ ба андозаи 25 дарсад афзуда мешавад.
Имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Амонулло Ашӯр изҳор дошт, ки чанд рӯз қабл ҳукумати ҶТ пешниҳоди ШСХК «Барқи тоҷик» дар бораи ба андозаи 25 дарсад афзудани арзиши истифодаи барқ дар ҷумҳуриро маъқул шуморидааст. «Мутобиқи он, шурӯъ аз 1-уми август аҳолӣ барои истифодаи 1 кВт/соат нерӯи барқ 7,5 дирам маблағ пардохт хоҳад кард», – гуфт ӯ.
Қобили зикр аст, ки соли равон бори дуввум аст, ки арзиши истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон афзуда мешавад. Оғози соли ҷорӣ низ арзиши истифодаи нерӯи барқ ба андозаи 25 дарсад зиёд шуда буд.


