Оби обанбори Норак бар асари набудани бозори фурӯши нерӯи барқ бидуни истифода партофта мешавад

            Душанбе. 27-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз директори нерӯгоҳи Норак Шарифхон Самиев дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки ҳамаи агрегатҳои нерӯгоҳ феълан дар ҳолати хуб қарор доранд.             Ш.Самиев мегӯяд, айни замон сатҳи оби обанбор ба 905 метр баробар буда, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 20 метр зиёдтар аст, вале чун […]



           

Душанбе. 27-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз директори нерӯгоҳи Норак Шарифхон Самиев дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки ҳамаи агрегатҳои нерӯгоҳ феълан дар ҳолати хуб қарор доранд.





           

Ш.Самиев мегӯяд, айни замон сатҳи оби обанбор ба


905 метр

баробар буда, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта тақрибан

20 метр

зиёдтар аст, вале чун бозори фурӯши нерӯи барқ мавҷуд нест, аз 20-уми июл оби обанбор бар асари набудани бозори фурӯш бидуни истифода партофта мешавад ва он шояд тамоми муддати моҳи август низ идома ёбад. «Имрӯз мо ҷиҳати истеҳсоли нерӯи барқ дар ҳаҷми зарурӣ тамоми имкониятҳоро доро ҳастем, вале харидор нест», – гуфт ӯ.




           

Ба қавли Ш.Самиев, ҷиҳати роҳандозии содироти нерӯи барқи ҷумҳурӣ ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебояд бо Ӯзбакистон тавофуқ ҳосил кард, зеро низоми энергетикии кишвари мо маҳз тавассути низоми энергетикии ин кишвар бо давлатҳои минтақа пайваст аст.




           

Дар навбати худ, раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Санъат Раҳимов гуфт, феълан аз Тоҷикистон шабонарӯзӣ ба Ӯзбакистон то 6 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад. «Ба ҷуз Ӯзбакистон, нерӯи барқи ҷумҳурӣ дар ҳаҷми на он қадр зиёд ҳамчунин ба Афғонистону Қирғизистон низ интиқол дода мешавад», – афзуд вай.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.