Вазорати кишоварзӣ: Пахта то ҳанӯз маҳсулоти кишоварзии аз ҳама бештар даромадноки Тоҷикистон маҳсуб мегардад

            Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Пахта то ҳанӯз маҳсулоти кишоварзии аз ҳама бештар даромадноки Тоҷикистон маҳсуб мегардад.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҶТ Саидмурод Баҳриддинов иттилоъ дод, агар деҳқонон аз як гектар 10-12 сентнер ҳосили пахта ба даст оранд, пас парвариши зироатҳои ғааладона фоидаовартар хоҳад буд. […]



           

Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Пахта то ҳанӯз маҳсулоти кишоварзии аз ҳама бештар даромадноки Тоҷикистон маҳсуб мегардад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҶТ Саидмурод Баҳриддинов иттилоъ дод, агар деҳқонон аз як гектар 10-12 сентнер ҳосили пахта ба даст оранд, пас парвариши зироатҳои ғааладона фоидаовартар хоҳад буд. «Феълан пахтакорони ҷумҳурӣ аз як гектар то 25 сентнер ҳосил ҷамъоварӣ мекунанд», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи ӯ, аз 173 ҳазор гектари барои кишти чигит пешбинишуда, айни замон дар майдони 171 ҳазор гектар нашъунамои пахта хуб ҷараён дорад. «Албатта, баъзе норасоиҳо, аз ҷумла камбуди нуриҳои минералӣ эҳсос мешавад, вале деҳқонон мувофиқи имконот саривақт корҳои агротехникиро анҷом дода истодаанд», – изҳор дошт вай.




           

С.Баҳриддинов афзуд, соли равон мутахассисони вазорат ба он хоҷагиҳое, ки аз 20 сентнер камтар ҳосили пунбадона ба даст оварда буданд, тавсия додааст, ки аз парвариши пахта даст кашанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.