Дар нимсолаи аввал сохторҳои зертобеъи ШСХК «Барқи тоҷик» нисбат ба соли гузашта 11,4 дарсад камтар нерӯи барқ истеҳсол карданд

            Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ сохторҳои зертобеъи ШСХК «Барқи тоҷик» 5,906 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 11,4 дарсад (соли 2008 –   6,582 млрд. кВт/соат) камтар аст.             Раиси ширкати «Барқи тоҷик» Санъат Раҳимов изҳор дошт, ки яке аз […]



           

Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ сохторҳои зертобеъи ШСХК «Барқи тоҷик» 5,906 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 11,4 дарсад (соли 2008 –

 

6,582 млрд. кВт/соат) камтар аст.





           

Раиси ширкати «Барқи тоҷик» Санъат Раҳимов изҳор дошт, ки яке аз сабабҳои коҳиши ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар фасли зимистон кам кардани ҳаҷми истеҳсоли он ба хотири оқилона сарфа намудани захираҳои обӣ мебошад ва иллати дигар дар он аст, ки таъмини ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ дар ин давра қисман аз ҷониби нерӯи барқи истеҳсолшуда дар нерӯгоҳи Сангтӯда-1 сурат гирифтааст. «Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар нерӯгоҳи Сангтӯда-1 773 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 488 млн. кВт/соат зиёдтар аст», – гуфт ӯ.

 





           

Коҳиши ҳаҷми истеҳсоли барқ дар ин давраро раиси ширкат ҳамчунин ба кам шудани талабот ба истифодаи нерӯи барқ дар бахши саноати ҷумҳурӣ низ марбут медонад. «Талаботи КВД «Талко» ба нерӯи барқ дар ин давра ба миқдори 410 млн. кВт/соат коҳиш ёфта, инчунин бинобар боришоти зиёд баҳори соли равон, пойгоҳҳои обкашӣ низ дертар ба фаъолият шурӯъ карда, 168,5 млн. кВт/соат камтар нерӯи барқ истифода карданд», – афзуд С.Раҳимов.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.