Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар назди донишгоҳ Маркази тарҷумаи адабиёт ва истилоҳоти махсус таъсис дода шуд.
Ба гуфтаи ректори донишгоҳи мазкур Убайдулло Қурбонов, вазифаи асосии марказ – тарҷумаи густардаи илмии адабиёти таълимии тиббӣ ба забони тоҷикӣ, таҳияи луғатҳои тиббӣ, истилоҳоти махсуси ин соҳа ва таҳрири корҳои илмии кормандони донишгоҳ аст. «То имрӯз кормандони марказ аллакай тарҷумаи як қатор номгӯи адабиёти тиббӣ, аз қабили «Бемориҳои ҷарроҳишаванда», «Бемориҳои сироятӣ, «Луғати истилоҳоти биологӣ» ва дигар адабиёти ин соҳаро анҷом доданд», – гуфт ӯ.
У.Қурбонов афзуд, дар марказ ҳамчунин тарҷумонҳои касбии истилоҳоти тиббӣ тайёр карда мешаванд.


