Қатли роҳбари гурӯҳи ҷиноятпеша Неъмат Азизов

            Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ ҳангоми задухӯрди мусаллаҳона бо нерӯҳои низомии ҳукумат роҳбари гурӯҳи ҷиноятпеша Неъмат Азизов ба ҳалокат расид.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» дар яке аз мақомоти қудратӣ иттилоъ доданд, шаби гузашта дар мавзеи Миёнаду гурӯҳи боқимондаи ҷиноятпешаи Неъмат Азизов ошкор ва ба муҳосира гирифта […]



           

Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ ҳангоми задухӯрди мусаллаҳона бо нерӯҳои низомии ҳукумат роҳбари гурӯҳи ҷиноятпеша Неъмат Азизов ба ҳалокат расид.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» дар яке аз мақомоти қудратӣ иттилоъ доданд, шаби гузашта дар мавзеи Миёнаду гурӯҳи боқимондаи ҷиноятпешаи Неъмат Азизов ошкор ва ба муҳосира гирифта шудааст. «Ҳангоми задухӯрди мусаллаҳона роҳбари гурӯҳ – Неъмат Азизов кушта шуд», – гуфт манбаъ.




           

Аз ҷузъиёти дигари амалиёт алҳол чизи дигаре хабар дода нашуд.




           

Айни замон дар мавзеи мазкур баҳри пайдо кардани дигар ҳаммаслакони Неъмат Азизов корҳои фаврии ҷустуҷӯӣ гузаронида мешаванд.




           

Тибқи маълумоти мақомоти қудратӣ, сокини деҳаи Пастироғи ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз – Неъмат Азизови 41-сола солҳои ҷанги шаҳрвандӣ узви фаъоли нерӯҳои муттаҳидаи мухолифини тоҷик буд. Пас аз имзои созишномаи истиқрори сулҳ дар соли 1997, ӯ ба ҳайси фармондеҳи яке аз воҳидҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Тавилдара ифои вазифа мекард.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.