Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати олмонии «Muhlbauer» барои Тоҷикистон бланкаҳои шиносномаҳои хориҷӣ бо истифодаи микрочипи электронӣ (шиносномаи биометрӣ) омода месозад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКХ ҶТ иттилоъ доданд, ин ширкат дар тендери иборат аз ду марҳилаи аз ҷониби Агентии хариди давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълонгардида барои хариди бланкаҳои холии шиносномаҳои хориҷӣ бо истифодаи микрочипи электронӣ (биопаспорт) барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷҳизоти зарурӣ барои он ғолиб дониста шудааст.
Ба иттилои манбаъ, барои харидории бланкаҳо ва таҷҳизот маблағҳои буҷа истифода хоҳад шуд. «Бланкаи 48 саҳифагии шиноснома бояд ба талаботи ҳадди аққали меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ буда, бо микрочипи бидуни тамос муҷаҳҳаз бошад», – гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки тарзи ороиши (дизайни) шиноснома дар мувофиқа бо фармоишгар таҳия гардида, дар навбати аввал бо назардошти харидҳои иловагӣ 100 ҳазор адад бланкаҳои холи шиносномаҳои биометрӣ харида мешаванд.


