Ширкати олмонии «Muhlbauer» барои Тоҷикистон шиносномаҳои биометрӣ омода месозад

            Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати олмонии «Muhlbauer» барои Тоҷикистон бланкаҳои шиносномаҳои хориҷӣ бо истифодаи микрочипи электронӣ (шиносномаи биометрӣ) омода месозад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКХ ҶТ иттилоъ доданд, ин ширкат дар тендери иборат аз ду марҳилаи аз ҷониби Агентии хариди давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавии Вазорати […]



           

Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати олмонии «Muhlbauer» барои Тоҷикистон бланкаҳои шиносномаҳои хориҷӣ бо истифодаи микрочипи электронӣ (шиносномаи биометрӣ) омода месозад.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКХ ҶТ иттилоъ доданд, ин ширкат дар тендери иборат аз ду марҳилаи аз ҷониби Агентии хариди давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълонгардида барои хариди бланкаҳои холии шиносномаҳои хориҷӣ бо истифодаи микрочипи электронӣ (биопаспорт) барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷҳизоти зарурӣ барои он ғолиб дониста шудааст.



Ба иттилои манбаъ, барои харидории бланкаҳо ва таҷҳизот маблағҳои буҷа истифода хоҳад шуд. «Бланкаи 48 саҳифагии шиноснома бояд ба талаботи ҳадди аққали меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ буда, бо микрочипи бидуни тамос муҷаҳҳаз бошад», – гуфт манбаъ.



Зикр гардид, ки тарзи ороиши (дизайни) шиноснома дар мувофиқа бо фармоишгар таҳия гардида, дар навбати аввал бо назардошти харидҳои иловагӣ 100 ҳазор адад бланкаҳои холи шиносномаҳои биометрӣ харида мешаванд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.