Давоми се моҳи соли равон беш аз 140 ҳаз. тонна маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ворид карда шуд

Date:

Душанбе. 18 апрел. «Азия-Плюс» – | Давоми се моҳи соли равон  ба Тоҷикистон беш аз 141 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи умумии 125 млн доллар ворид карда шуд, ки 80% воридотро маҳсулоти  Федератсия Русия ташкил медиҳад. Дар ин хусус муовини аввали раҳбари хадамоти гумрукии назди ҶТ Неъмат Раҳматов, рӯзи душанбе, ба журналистон хабар дод. Ба гуфтаи ӯ давоми се моҳ  маҳсулоти нафтии зайл ба кишвар ворид карда шуданд:  82,2 ҳазор тонна бензин, 35,7 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 4,7 ҳазор тонна мазут ва ғ.

«Дар ин миён ба дӯши ширкати асосии нафтрасони Русия -«Газпромнефт» 35 % содирот ба кишварамон рост меояд, қисмати дигар таввасути ширкатҳои ватанӣ ворид мешаванд»,- мегӯяд Раҳматов.

Ӯ инчунин қайд кард,ки тамоми ширкатҳои нафтрасон, чи ватанӣ ва чи хориҷӣ, дар асоси шарту шароити якхела, бидуни имтиёз барои супоридани боҷи гумрукӣ фаъолият доранд.

Дар умум ҳаҷми гардиши молу маҳсулоти Тоҷикистон дар се моҳаи аввали сол 1 млн 153,5 долларро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба ҳамин давараи соли сипаригашта 371 млн доллар ё 47,4 % зиёдтар аст.

Аз ин ҳисоб 755 млн доллар ба воридот ва 400 млн доллар ба содирот рост меояд, ки дар қиёс ба семоҳаи аввали соли гузашта 42,4% ва 57,8% бештар аст. «Ба қатори маҳсулоти содиротӣ  молҳои зерин ворид мешаванд: алюмин  – 71,1%,  пахта – 23%, меваву сабзавот  – 2,8%», иброз дошт Раҳматов. Ба шарҳи ӯ қисмати беши маҳсулоти содиротӣ  ба Хитой – 20,2%, Туркия –  45,7%, Русия  – 3,5%, Эрон  – 4,2%, Афғонистон –  4,1%, Швейтсария  – 3,1%, Латвия –  6,3% равона  шудаанд.

Дар миёни маҳсулоти воридотӣ бошад афзалият ба маҳсулоти нафтӣ  – 16,5 % ,орд –  4,2%, воситаи нақлиёт  – 2,8% ва ғ. дода мешавад. Давлатҳои асосии содиротӣ – Русия  – 29,2%, Қазоқистон  – 12,4%, Хитой  – 9,4%, Украина –  9%, Эрон  – 5%, ИМА  – 4,1% ва дигарон мебошанд.

МЕДИА (Youtube Embed)

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...