Давоми се моҳи соли равон беш аз 140 ҳаз. тонна маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ворид карда шуд

Душанбе. 18 апрел. «Азия-Плюс» – | Давоми се моҳи соли равон  ба Тоҷикистон беш аз 141 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи умумии 125 млн доллар ворид карда шуд, ки 80% воридотро маҳсулоти  Федератсия Русия ташкил медиҳад. Дар ин хусус муовини аввали раҳбари хадамоти гумрукии назди ҶТ Неъмат Раҳматов, рӯзи душанбе, ба журналистон хабар дод. […]

Наргис Ҳамрабаева

Душанбе. 18 апрел. «Азия-Плюс» – | Давоми се моҳи соли равон  ба Тоҷикистон беш аз 141 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи умумии 125 млн доллар ворид карда шуд, ки 80% воридотро маҳсулоти  Федератсия Русия ташкил медиҳад. Дар ин хусус муовини аввали раҳбари хадамоти гумрукии назди ҶТ Неъмат Раҳматов, рӯзи душанбе, ба журналистон хабар дод. Ба гуфтаи ӯ давоми се моҳ  маҳсулоти нафтии зайл ба кишвар ворид карда шуданд:  82,2 ҳазор тонна бензин, 35,7 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 4,7 ҳазор тонна мазут ва ғ.

«Дар ин миён ба дӯши ширкати асосии нафтрасони Русия -«Газпромнефт» 35 % содирот ба кишварамон рост меояд, қисмати дигар таввасути ширкатҳои ватанӣ ворид мешаванд»,- мегӯяд Раҳматов.

Ӯ инчунин қайд кард,ки тамоми ширкатҳои нафтрасон, чи ватанӣ ва чи хориҷӣ, дар асоси шарту шароити якхела, бидуни имтиёз барои супоридани боҷи гумрукӣ фаъолият доранд.

Дар умум ҳаҷми гардиши молу маҳсулоти Тоҷикистон дар се моҳаи аввали сол 1 млн 153,5 долларро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба ҳамин давараи соли сипаригашта 371 млн доллар ё 47,4 % зиёдтар аст.

Аз ин ҳисоб 755 млн доллар ба воридот ва 400 млн доллар ба содирот рост меояд, ки дар қиёс ба семоҳаи аввали соли гузашта 42,4% ва 57,8% бештар аст. «Ба қатори маҳсулоти содиротӣ  молҳои зерин ворид мешаванд: алюмин  – 71,1%,  пахта – 23%, меваву сабзавот  – 2,8%», иброз дошт Раҳматов. Ба шарҳи ӯ қисмати беши маҳсулоти содиротӣ  ба Хитой – 20,2%, Туркия –  45,7%, Русия  – 3,5%, Эрон  – 4,2%, Афғонистон –  4,1%, Швейтсария  – 3,1%, Латвия –  6,3% равона  шудаанд.

Дар миёни маҳсулоти воридотӣ бошад афзалият ба маҳсулоти нафтӣ  – 16,5 % ,орд –  4,2%, воситаи нақлиёт  – 2,8% ва ғ. дода мешавад. Давлатҳои асосии содиротӣ – Русия  – 29,2%, Қазоқистон  – 12,4%, Хитой  – 9,4%, Украина –  9%, Эрон  – 5%, ИМА  – 4,1% ва дигарон мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.