Мақомоти қудратӣ ду тан фирории узви гурӯҳи Мулло Абдуллоро меҷӯянд

Date:

Душанбе. 20 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар натиҷаи амалиёти вижаи боздошти ҷангҷӯёни боқимондаи узви гурӯҳи террористии Мулло Абдулло дар шарқи кишвар,  аз сӯйи мақомоти қудратӣ, таърихи 18 апрел, сокини ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод, Мирхуҷа Шарипови 50 сола дастгир карда шуд. Дар ин бора  зимни нишасти матбуотӣ муовини вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Саидхон Ҷурахонов хабар дод.

«Ҳангоми боздошт Шарипов муқовимат нишон дода,сарбози горди миллии Тоҷикистон Сафаралӣ Ғаниеви 21 соларо кушт», – изҳор дошт муовини вазир.

Ба иттилои ВКД дар ҷойи ҳодиса автомат Калашников бо се тирдон кашф карда шуд. «Тибқи маълумоти дар даст дошта, феълан ду тан аз ҷангҷӯёни гурӯҳи Мулло Абдулло, ки тавонистанд аз макони задухурди рӯзи 15 апрел фирор кунанд, зинда ҳастанд. Амалиёти боздошти ин ду тан дар Рашт идома дорад»,- афзуд Ҷӯрахонов.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...