Ислоҳоти қарибулвуқуъ дар бахши аграрии Тоҷикистон

Душанбе. 20 апрел. «Азия-Плюс» – | Вазорати кишоварзии кишвар Барномаи ислоҳоти бахши аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 -ро таҳия кардааст. Мувофиқи ин барнома вазорат марҳила ба марҳила аз мақомоти идорӣ ба таконбахш табдил хоҳад шуд, хабар медиҳад ректори Маркази такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи хоҷагии қишлоқи Вазорати кишоварзӣ, доктори илми иқтисод Рустам Қудратов. Ба гуфтаи […]

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 20 апрел. «Азия-Плюс» – | Вазорати кишоварзии кишвар Барномаи ислоҳоти бахши аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 -ро таҳия кардааст.

Мувофиқи ин барнома вазорат марҳила ба марҳила аз мақомоти идорӣ ба таконбахш табдил хоҳад шуд, хабар медиҳад ректори Маркази такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи хоҷагии қишлоқи Вазорати кишоварзӣ, доктори илми иқтисод Рустам Қудратов. Ба гуфтаи ӯ барномаи мазкур дар асоси қарори ҳукумати кишвар таҳия шудааст. Барои омода намудани ҳуҷҷат 9 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки намояндагони он давоми ду сол аз як қатор  кишварҳои хориҷ дидан намуда аз таҷрибаи онҳо дар бахши кошоварзӣ баҳра бардоштанд. Барномаи ислоҳоти бахши аграрии кишвар дар се марҳила амалӣ мегардад.

Марҳилаи аввал солҳои 2011 – 2012-ро дар бар гирифта, аз таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ иборат аст.

Дар марҳилаи дуввум (2012-2015) қарор аст системаи нави идорӣ ва диверсификатсияи хоҷагии қишлоқ , маркетинги маҳсулоти кишоварзӣ ҷорӣ

Дар марҳилаи сеюм (2015-2020) афзоиши тавлиди маҳсулоти  кишоварзӣ аз ҳисоби фоидаи истеҳсолкунандагон дар назар аст.

В рамках реализации программы предусмотрено привлечение интереса дехкан к сельскохозяйственному производству с помощью экономических рычагов (налоги, экспорт, импорт), создание благоприятных условий для увеличения производства.

Р.Кудратов сообщил, что доноры одобрили и пообещали поддержать реализацию программы реформирования сельского хозяйства Таджикистана, главная цель которой – в обеспечении продовольственной безопасности в стране.

Дар доираи амалисозии барнома ҷалби деҳқонон бо ёрии механизмҳои иқтисодӣ (андоз,содирот, воридот), муҳайё намудани шароити мусоид барои афзоиши маҳсулот, пешбинӣ шудааст.

Рустам Қудратов инчунин афзуд, ки ташкилотҳои донорӣ омода ҳастанд барномаи мазкурро дастгирӣ намоянд. Гуфта мешавад,  мақсади асосӣ аз роҳандозии барнома таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар аст.

Бар тибқи маълумоти вазорати кишоварзии кишвар имрӯз маҳсулоти кишоварзӣ танҳо 60 % талаботи аҳолиро қонеъ мекунад. Аз оғози соли равон дар Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 514,9 млн сомонӣ тавлид карда шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давараи соли гузашта  ба миқдори 34,93 ҳазор сомонӣ (7,3%) афзудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.