ВКД: Писари раиси Додгоҳи олӣ дар садамаи нақлиётӣ, ки марги як нафарро ба думбол дорад муттаҳам меш

Душанбе. 20 апрел. «Азия-Плюс» – | Муовини вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Саидхон Чурахонов рӯзи чоршанбе, 20 апрел, зимни нишасти матбуотӣ хабари муттаҳам шудани писари Додгоҳи олӣ, Фарҳод Абдуллоеви 25 сола дар рух додани садамаи нақлиётӣ, ки марги як нафарро ба думбол дошт, таъийд кард. Сардори раёсати тафтишоти ВКД ҶТ Муҳаммади Муҳҳамадиев хабар дод, ки 12 […]

Наргис Ҳамрабаева

Душанбе. 20 апрел. «Азия-Плюс» – | Муовини вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Саидхон Чурахонов рӯзи чоршанбе, 20 апрел, зимни нишасти матбуотӣ хабари муттаҳам шудани писари Додгоҳи олӣ, Фарҳод Абдуллоеви 25 сола дар рух додани садамаи нақлиётӣ, ки марги як нафарро ба думбол дошт, таъийд кард.

Сардори раёсати тафтишоти ВКД ҶТ Муҳаммади Муҳҳамадиев хабар дод, ки 12 апрел соати 23 шаб дар канори шаҳри Душанбе Фарҳод Абдуллоев бо мошини тамғаи BMW  шаҳрванди Чинро пахш намудааст.

«Нисбати Фарҳод Абдуллоев парванди ҷиноӣ аз рӯи моддаи 212 (Вайрон кардани қоидаи ҳаракати нақлиёт ва истифодабарии воситаи нақлиёт)- и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон боз шудааст. Тафтишоти ин қазия идома дорад»,- афзуд Муҳаммадиев.

«Мувофиқи қонунгузории кишвар, нафари дар садамаи нақлиётӣ айбдоршаванда боздошт карда намешавад», – изҳор дошт Ҷурахонов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.