Талаби собиқ прокурори генералӣ бобати эътирофи ғайриконститутсионӣ аз мансаб сабукдӯш шуданаш

Date:

Душанбе. 13-уми май. Азия-Плюс — Адвокати маъруфи тоҷик, собиқ иҷрокунандаи вазифаи Прокурори генералии Тоҷикистон Солиҷон Ҷӯраев ба Суди конститутсионии ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, талаб кардааст, ки Фармони Прокурори генералии Тоҷикистон аз 16-уми марти соли 1993 дар бораи аз мансаби иҷрокунандаи вазифаи Прокурори генералӣ ва хориҷ кардани ӯ аз мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриконститутсионӣ эътироф карда шавад.

Дар Суди конститутсионӣ ва Дафтари дифоъ аз ҳукуқи инсон ва риояи қонунияти ҶТ, ки Ҷӯраев нусхаи муроҷиаташро ба он ирсол доштааст, ба ОИ «Аия-Плюс» қабули муроҷиатнома ва асноди ба он замимашударо тасдиқ карданд.

Котиби Суди конститутсионӣ Карим Каримов дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки айни замон муроҷиатномаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дошта, баррасии он маъмулан дар муддати як моҳ сурат мегирад. «Суди конститутсионӣ – мақомоти мушовара буда, қарорҳои он ба таври муштарак қабул мешаванд ва айни ҳол судяҳо маводи парвандаи мазкурро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор додаанд», – афзуд номбурда.

Дар ҳамин ҳол, Ҷӯраев аз шарҳи масъалаи мазкур худдорӣ намуда, танҳо гуфт, ки муроҷиат ва маводҳоро ба Суди конститутсионии ҷумҳурӣ дар таърихи 27-уми апрели соли ҷорӣ супурдааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...