Ҷасадҳои ду тан аз тоҷикистониёни ҳалокшуда дар сӯхтори Маскав ба ватан оварда шуданд

Date:

Душанбе. 20-уми май. Азия-Плюс — Ҷасадҳои ду тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сӯхтори чанде қабл дар шаҳри Маскав рухдода ба ҳалокат расида буданд, ба ватан интиқол дода шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, ҷасадҳои сокинони ноҳияи Шуғнон Алихон Саиднаимови 26-сола ва Наимшо Саиднаимови 19-сола ба ватан фиристода шудаанд. «Ҷасадҳои шҳрвандони дигари Тоҷикистон низ рӯзҳои наздик ба ватан интиқол дода мешаванд», – гуфтанд дар хадамоти матбуоти сафоратхона.

Ба иттилои манбаъ, чанде қабл шахсияти шаҳрванди 18-солаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Баҳром Насимов муайян карда шуд. Ҳамчунин қаблан шахсияти панҷ нафар шаҳрвандони ҳалокшудаи Тоҷикистон – сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд – Қурбон Аҳмадови 55-сола; сокинони нохияи Шуғнони ВМКБ – Алихон Саиднаимови 26-сола ва Наимшо Саиднаимови 19-сола; сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Қаҳрамон Мараҷабови 33-сола ва сокини ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Исҳоқ Раҷабови 48-сола муайян карда шуда буданд.

Ёдрас мекунем, ки субҳи 17-уми май дар яке аз биноҳои сеошёнаи воқеъ дар қисмати ҷануби шарқии шаҳри Маскав, кӯчаи Болшой Афанасевский сӯхтор сар зада, бар асари он ҳафт нафар ҳалок ва ҳафт нафари дигар чароҳат бардоштанд.

Бино ба маълумоти Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия, сӯхтор шояд бар асари истифодаи нодурусти бухории барқӣ сар зада бошад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ супориш дод, ки нисбати ин ҳодиса чораҳои дахлдор андешида, ба хешовандону пайвандони ҳалокшудагон кӯмак расонанд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...