Ҷасадҳои ду тан аз тоҷикистониёни ҳалокшуда дар сӯхтори Маскав ба ватан оварда шуданд

Душанбе. 20-уми май. Азия-Плюс — Ҷасадҳои ду тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сӯхтори чанде қабл дар шаҳри Маскав рухдода ба ҳалокат расида буданд, ба ватан интиқол дода шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, ҷасадҳои сокинони ноҳияи Шуғнон Алихон Саиднаимови 26-сола ва Наимшо Саиднаимови 19-сола ба ватан […]

Расул Шодон

Душанбе. 20-уми май. Азия-Плюс — Ҷасадҳои ду тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сӯхтори чанде қабл дар шаҳри Маскав рухдода ба ҳалокат расида буданд, ба ватан интиқол дода шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, ҷасадҳои сокинони ноҳияи Шуғнон Алихон Саиднаимови 26-сола ва Наимшо Саиднаимови 19-сола ба ватан фиристода шудаанд. «Ҷасадҳои шҳрвандони дигари Тоҷикистон низ рӯзҳои наздик ба ватан интиқол дода мешаванд», – гуфтанд дар хадамоти матбуоти сафоратхона.

Ба иттилои манбаъ, чанде қабл шахсияти шаҳрванди 18-солаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Баҳром Насимов муайян карда шуд. Ҳамчунин қаблан шахсияти панҷ нафар шаҳрвандони ҳалокшудаи Тоҷикистон – сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд – Қурбон Аҳмадови 55-сола; сокинони нохияи Шуғнони ВМКБ – Алихон Саиднаимови 26-сола ва Наимшо Саиднаимови 19-сола; сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Қаҳрамон Мараҷабови 33-сола ва сокини ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Исҳоқ Раҷабови 48-сола муайян карда шуда буданд.

Ёдрас мекунем, ки субҳи 17-уми май дар яке аз биноҳои сеошёнаи воқеъ дар қисмати ҷануби шарқии шаҳри Маскав, кӯчаи Болшой Афанасевский сӯхтор сар зада, бар асари он ҳафт нафар ҳалок ва ҳафт нафари дигар чароҳат бардоштанд.

Бино ба маълумоти Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия, сӯхтор шояд бар асари истифодаи нодурусти бухории барқӣ сар зада бошад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ супориш дод, ки нисбати ин ҳодиса чораҳои дахлдор андешида, ба хешовандону пайвандони ҳалокшудагон кӯмак расонанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.