Консерти кӯдакони дорои имкони маҳдуди ҷисмонӣ дар боғи фарҳангу фароғати Кӯлоб

Date:

Чанде қабл боғи фарҳангу фароғати шаҳри Кӯлоб пурра ба ихтиёри Маркази кӯдакони дорои имкони маҳдуди ҷисмонии назди созмони ғайриҳукуматии маҳаллии «Заршедабону» вогузор гардид.

Дар ҳамдастӣ бо нахустин кӯдакистони хусусии «Меҳрона» дар ин ҷо як чорабинӣ бо иштироки тарбиятгирандагони марказ доир гардида, ҳадаф аз он – пешкаш ва собит сохтани қобилияти беандозаи ин кӯдакон аст,  ки дар сурати бо машғулияти комил фаро гирифтан то чӣ андоза ба ҷамъият зарур буданашон воқеъан нишон дода шавад.

Ба қавли мавсуф, дар марказ 79 нафар кӯдакон бо тарбия фаро гирифта шуда, 29 нафар аз онҳо доимо дар марказанд ва бо боқимондагон дар маҳалли зисташон кор бурда мешавад. «Чанде қабл мо бо кӯдакон аз боғи ботаникии Кӯлоб, қалъаи қадимаи Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ ва боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе боздид кардем», – гуфт Раъно Сафарова.

Директори марказ ҳамчунин гуфт, тамоми кор бо ин кӯдакон дар чаҳорчӯби татбиқи лоиҳаи «Ҳамгиройии кӯдакони дорои имкони маҳдуди ҷисмонӣ ба ҷомеаи кунунӣ» сурат гирифта, он бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, созмони байнулмилалии «Миссия Восток» ва созмони ғайриҳукуматии «Заршедабону» амалӣ мегардад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...