Консерти кӯдакони дорои имкони маҳдуди ҷисмонӣ дар боғи фарҳангу фароғати Кӯлоб

Чанде қабл боғи фарҳангу фароғати шаҳри Кӯлоб пурра ба ихтиёри Маркази кӯдакони дорои имкони маҳдуди ҷисмонии назди созмони ғайриҳукуматии маҳаллии «Заршедабону» вогузор гардид. Дар ҳамдастӣ бо нахустин кӯдакистони хусусии «Меҳрона» дар ин ҷо як чорабинӣ бо иштироки тарбиятгирандагони марказ доир гардида, ҳадаф аз он – пешкаш ва собит сохтани қобилияти беандозаи ин кӯдакон аст,  ки […]

admin

Чанде қабл боғи фарҳангу фароғати шаҳри Кӯлоб пурра ба ихтиёри Маркази кӯдакони дорои имкони маҳдуди ҷисмонии назди созмони ғайриҳукуматии маҳаллии «Заршедабону» вогузор гардид.

Дар ҳамдастӣ бо нахустин кӯдакистони хусусии «Меҳрона» дар ин ҷо як чорабинӣ бо иштироки тарбиятгирандагони марказ доир гардида, ҳадаф аз он – пешкаш ва собит сохтани қобилияти беандозаи ин кӯдакон аст,  ки дар сурати бо машғулияти комил фаро гирифтан то чӣ андоза ба ҷамъият зарур буданашон воқеъан нишон дода шавад.

Ба қавли мавсуф, дар марказ 79 нафар кӯдакон бо тарбия фаро гирифта шуда, 29 нафар аз онҳо доимо дар марказанд ва бо боқимондагон дар маҳалли зисташон кор бурда мешавад. «Чанде қабл мо бо кӯдакон аз боғи ботаникии Кӯлоб, қалъаи қадимаи Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ ва боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе боздид кардем», – гуфт Раъно Сафарова.

Директори марказ ҳамчунин гуфт, тамоми кор бо ин кӯдакон дар чаҳорчӯби татбиқи лоиҳаи «Ҳамгиройии кӯдакони дорои имкони маҳдуди ҷисмонӣ ба ҷомеаи кунунӣ» сурат гирифта, он бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, созмони байнулмилалии «Миссия Восток» ва созмони ғайриҳукуматии «Заршедабону» амалӣ мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.