Мулоқоти вазирони мудофиаи Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистон

Date:

Душанбе. 23 май. Азия-Плюс – Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда бо ташаббуси вазири мудофиаи Қазоқистон Адилбек Ҷаксибеков дар шаҳри Бишкек вохӯрии кории вазирони мудофиаи Қазоқистону Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев иттилоъ дод, зимни мулоқоти вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев бо вазири мудофиаи Казоқистон Адилбек Ҷаксибеков ва Қирғизистон – Абибилла Кудайбердиев масоили баргузории машқу тамринҳои муштарак, роҳандозӣ ва рушди ҳамкориҳои низомиву техникӣ, таъмини амнияти минтақавӣ, омодасозии кадрҳои ҳарбӣ ва табодули маълумоти фаврӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. «Ғайр аз ин, Тоҷикистону Қирғизистон бобати дар моҳи июли соли равон дар қаламрави вилояти Ботканд баргузор намудани машқи низомии муштарак ба мувофиқа расиданд», – гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин гуфт, айни замон шумори техникаву ҷузъу томҳое, ки дар ин машқ ширкат меварзанд, муайян карда мешавад. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...