Оғози таҳияву коркарди Кодекси нави андози Тоҷикистон

Душанбе. 23 май. Азия-Плюс – Ахири ҳафтаи гузашта дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ ҷаласаи нахустини гурӯҳи корӣ оид ба таҳияву коркарди Кодекси нави андози Тоҷикистон доир гардид, ки дар ҷараёни он нақша ва ӯҳдадориҳои аъзои гурӯҳи корӣ тасдиқ гардида, ҳамчунин тамоми масоили тадорукотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 23 май. Азия-Плюс – Ахири ҳафтаи гузашта дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ ҷаласаи нахустини гурӯҳи корӣ оид ба таҳияву коркарди Кодекси нави андози Тоҷикистон доир гардид, ки дар ҷараёни он нақша ва ӯҳдадориҳои аъзои гурӯҳи корӣ тасдиқ гардида, ҳамчунин тамоми масоили тадорукотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, бо натиҷагирӣ аз ҷаласаи нахустини тадорукотии гурӯҳи корӣ, раиси гурӯҳ, муовини вазири молияи кишвар Ҷамшед Норинов аз аъзои гурӯҳ даъват ба амал овард, ки чорабиниҳои пешбинишударо саривакт ва хушсифат ба анҷом расонанд.

Қобили зикр аст, ки гурӯҳи корӣ оид ба таҳияву коркарди Кодекси нави андози Тоҷикистон мутобиқи қарори ҳукумати кишвар 18 май таъсис дода шуда, ба ҳайати он намояндагони вазоратҳои молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва ҳамчунин намояндагони Ассотсиатсияи бонкҳо ва Ассотсиатсияи соҳибкорони хурду миёнаи ҷумҳурӣ шомил мебошанд.

Ёдрас мекунем, ки дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат суориш дод, ки то нимаи дуввуми соли 2012 лоиҳаи Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири навро омода сохта, дар баррасии он доираи васеи коршиносону мутахассисон ва соҳибкорону тоҷиронро ҷалб намояд.

Қобили зикр аст, ки ба Кодекси андози амалкунандаи ҷумҳурӣ, ки соли 2005 қабул шуда буд, чандин маротиба тағйиру иловахо ворид гардида, камбудиву норсаоиҳои он борҳо аз ҷониби созмонҳои байнулмилалӣ, соҳибкорони ватанӣ ва коршиносон мавриди интиқод қарор гирифта буд.

Дар робита ба ин масъала аз ҷумла дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» коршиноси масоили иқтисодӣ Ҷамшед Раҳмонбердиев изҳор дошт, ки сиёсати ҷории андоз дар кишвар ба афзоиши истеҳслоти ватанӣ мусоидат намекунад. «Чун дар Тоҷикистон барои истеҳсолкунандаи ватанӣ имтиёҳои мусоиди андоз вуҷуд надорад, пас сармоягузорони мо маҷбуранд, ки воситаҳои худро ба амволи ғайриманқул масраф созанд ва аз ин рӯ, Кодекси андозро мебояд тарзе таҳия намуд, ки аз он истеҳсолкунандаи ватанӣ ҳавасманд гардад ва ғайр аз ин, тартиботи пардохи маблаги андоз бояд хеле соддаву фаҳмо бошад», – гуфт ӯ. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби ҷавонон ба артиш дар кишвар пурра иҷро шудааст. Ин мавсими даъват ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳ аз...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.