Бонкҳои Тоҷикистон дар ҳаҷми 3,6 млрд. сомонӣ пасандоз нигаҳдорӣ мекунанд

Date:

Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» — | Дар бонкҳои Тоҷикистон дар ҳаҷми 3,6 млрд сомонӣ (79 млн. $) пасандозҳо нигаҳдорӣ мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, тамоили афзоиши ҳаҷми пасандозҳо дар Тоҷикистон аз соли гузашта оғоз ёфта, дар зарфи чаҳор моҳи соли равон ҳаҷми онҳо дар бонкҳо ба андозаи 11,6% афзудааст, ки гувоҳи афзоиши эътимоди мардум ба бонкҳост.

Бино ба маълумоти БМТ, айни замон ҳаҷми пасандозҳо бо асъори миллӣ 1,45 млрд. сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ 2,19 млрд. сомониро ташкил медиҳанд. Дар сохтори пасандозҳои бонкӣ 49,7 ё худ 1,81 млрд. сомонӣ пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ буда, 50,2 ё худ 1,83 млрд. сомонӣ аз ҳаҷми пасандозҳо ба шахсони воқеъӣ рост меояд.

Зимнан зикр гардид, ки ба ҳисоби миёна фоизҳои пасандозҳо бо асъори миллӣ – 17,09 ва бо асъори хориҷӣ – 15,69%-ро ташкил додаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...