Эмомалӣ Раҳмон: Ба қаллобону ҷаллобон дар бозор ҷой нест

Душанбе, 26-уми май. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи натоиҷи боздиди дурӯзаи худ аз ноҳияи Дангара бо фаъолони вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарияти Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва масъулини сатҳи ҷумҳуриявӣ маҷлиси машваратӣ доир намуд.  Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар маҷлис рафти иҷрои […]

Азия-Плюс

Душанбе, 26-уми май. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи натоиҷи боздиди дурӯзаи худ аз ноҳияи Дангара бо фаъолони вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарияти Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва масъулини сатҳи ҷумҳуриявӣ маҷлиси машваратӣ доир намуд.

 Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар маҷлис рафти иҷрои буҷети давлатӣ, супоришҳои қаблан додашуда, барномаҳои давлатии соҳаи кишоварзӣ, масоили вобаста ба истифодаи босамари обу замин, омодагӣ ба зимистон ва таҷлили солгарди 20 истиқлолияти давлатии Тоҷкистон баррасӣ шуд.

 Таваҷҷўҳи асосӣ ба ташкили корҳои судбахш барои истодагарӣ дар муқобили мушкилоти имрўзаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла болоравии нархи сўзишворию ва маводи ғизоӣ ва камборишию камобии имсолаи Тоҷикистон зоҳир гардид.

 Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, роҳи асосӣ ва самарабахши коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ва пешгирӣ аз болоравии нархи маводи ғизоӣ ба роҳ мондани истифодаи босамар аз обу замин, кишти такрории сабзавоту полезӣ ва лўбиёгиҳо ва таъмин намудани фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз болоравии нархи баъзе маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла гўшт дар бозорҳои кишвар изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт, ки ин кор, асосан, аз ҷониби баъзе қаллобону ҷаллобони беинсоф ба таври сунъӣ ташкил мегардад. Аз ин хотир бо муроҷиат ба онҳо ҳушдор дода шуд, ки агар корро аз роҳи адлу инсоф ташкил накунанд, бозоршинию савдогарӣ барои ҳамаи онҳое, ки худ истеҳсол намекунанд, манъ дошта мешавад, то ки худи истеҳсолкунандагон молу маҳсулоташонро бо нархҳои одилона ба фурўш бароранд.

Дар робита ба омодагӣ ба таҷлили сазовори ҷашни солгарди 20 истиқлолияти давлатии  Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла таъкид дошт, ки мафҳуми иншооти ҷашнӣ бояд аз миён бардошта шавад, зеро тамоми ҳудуди кишвар ба истиқболи ин иди пурифтихор бояд дар маҷмўъ ободу зебо ва сарсабзу хуррам шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.