ИА донишҷӯёни Суғдро бори нахуст ба Аврупо мефиристад

Хуҷанд. 26-уми май. «Азия-Плюс» — | Дар нимаи дуюми моҳи августи соли равон донишҷӯён, аспирантҳо ва кормандони илмии вилояти Суғд бори нахуст тибқи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо баҳри таҳсил ба макотиби олии Аврупо фиристода мешаванд. Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ҳамоҳангсози лоиҳаи «ТАСКА» дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ Ҳотам Муртазоев хабар дод, лоиҳаи […]

Бахтиёр Валиев

Хуҷанд. 26-уми май. «Азия-Плюс» — | Дар нимаи дуюми моҳи августи соли равон донишҷӯён, аспирантҳо ва кормандони илмии вилояти Суғд бори нахуст тибқи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо баҳри таҳсил ба макотиби олии Аврупо фиристода мешаванд.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ҳамоҳангсози лоиҳаи «ТАСКА» дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ Ҳотам Муртазоев хабар дод, лоиҳаи «Тавсеъаи донишу малака ва таҷриба дар макотиби олии Осиёи Марказӣ» аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ ёфта, дар он шаш кишвари аврупоӣ ва панҷ давлати минтақаи Осиёи Марказӣ ширкат меварзанд. «Донишҷӯён дар макотиби олии кишварҳои Аврупо ба муддати 10 моҳ ва аспирантону пажӯҳишгарон 22 моҳ бо забони англисӣ таҳсил намуда, мутаносибан бо 1000 ва 1500 Евро идрорпулӣ таъмин ва хароҷоти сафар аз ҷониби ИА пардохта мешавад», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, намояндагони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои маъруфи Полша, Шветсия, Юнон, Португалия ва Австрия дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва омӯзгориву ҷомеашиносӣ таҳсили илм хоҳанд кард. «Ба рӯйхати номзадҳо асосан намояндагони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва як донишҷӯ аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсат номнавис шудаанд», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.