Турсунзода. 26-уми май. «Азия-Плюс» – | Имрӯз дар шаҳри Турсунзода аввалин қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ расман ифтитоҳ гардид.
Чӣ тавре ки ба мо роҳбари Қабулгоҳи мазкур Давлатбек Забиров иттилоъ дод, самтҳои асосии фаъолияти ин сохтор мусоидат ба барқароркунии ҳуқуқҳои поймолшудаи шаҳрвандон, таъмини дастрасии шаҳрвандон, хусусан, гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба иттилоот оид ба масоили ҳуқуқи инсон ва пешниҳоди машварати ҳуқуқӣ ба онҳо, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мебошад. Номбурда афзуд, ки тамоми хизматрасониҳои Қабулгоҳи ҷамъиятӣ барои аҳолӣ ройгон аст.
Дар расми ифтитоҳи Қабулгоҳ роҳбари дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ Сафаралӣ Ғуломов, муовини раиси шаҳри Турсунзода Рустам Турсунов, директори намояндагии АСТ CentralAsia Дариуш Зитек, кормандони ВАО ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.
Сохтори Қабулгоҳи ҷамъиятӣ аз роҳбари Қабулгоҳ ва Шӯрои ҷамъиятие, ки ба он сарварони кумитаҳои маҳаллаҳо, вакилони мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ВАО-и маҳаллӣ шомил гаштаанд, иборат мебошад.
Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ қаблан дар рафти давраҳои омӯзишӣ донишҳои худро оид ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандон, хизматрасониҳои давлатӣ, идоракунии давлатии шаффоф ва ҳисоботдиҳанда, тартиби муроҷиати шаҳрвандон, худидоракунии маҳаллӣ, вазъи ҳуқуқии вакилон, баррасии ҳакамӣ ва масоили дигари ҳуқуқӣ мукаммал гардониданд.
Қобили зикр аст, ки Қабулгоҳи ҷамъиятӣ дар натиҷаи ҳамкории муштараки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ
»
бо иштироки ACT CentralAsia ва маблағгузории Вазорати рушди байналмилалии Бритониёи Кабир (DFID) ташкил карда шудааст.


