Ифтитоҳи аввалин қабулгоҳи ҷамъиятии Омбудсмен дар шаҳри Турсунзода

Турсунзода. 26-уми май. «Азия-Плюс» – | Имрӯз дар шаҳри Турсунзода аввалин қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ расман ифтитоҳ гардид. Чӣ тавре ки ба мо роҳбари Қабулгоҳи мазкур Давлатбек Забиров иттилоъ дод, самтҳои асосии фаъолияти ин сохтор мусоидат ба барқароркунии ҳуқуқҳои поймолшудаи шаҳрвандон, таъмини дастрасии шаҳрвандон, хусусан, гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба иттилоот […]

Иброҳим Абдулхаев

Турсунзода. 26-уми май. «Азия-Плюс» – | Имрӯз дар шаҳри Турсунзода аввалин қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ расман ифтитоҳ гардид.

Чӣ тавре ки ба мо роҳбари Қабулгоҳи мазкур Давлатбек Забиров иттилоъ дод, самтҳои асосии фаъолияти ин сохтор мусоидат ба барқароркунии ҳуқуқҳои поймолшудаи шаҳрвандон, таъмини дастрасии шаҳрвандон, хусусан, гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба иттилоот оид ба масоили ҳуқуқи инсон ва пешниҳоди машварати ҳуқуқӣ ба онҳо, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мебошад. Номбурда афзуд, ки тамоми хизматрасониҳои Қабулгоҳи ҷамъиятӣ барои аҳолӣ ройгон аст.

Дар расми ифтитоҳи Қабулгоҳ роҳбари дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ Сафаралӣ Ғуломов, муовини раиси шаҳри Турсунзода Рустам Турсунов, директори намояндагии АСТ CentralAsia Дариуш Зитек, кормандони ВАО ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.

Сохтори Қабулгоҳи ҷамъиятӣ аз роҳбари Қабулгоҳ ва Шӯрои ҷамъиятие, ки ба он сарварони кумитаҳои маҳаллаҳо, вакилони мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ВАО-и маҳаллӣ шомил гаштаанд, иборат мебошад.

Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ қаблан дар рафти давраҳои омӯзишӣ донишҳои худро оид ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандон, хизматрасониҳои давлатӣ, идоракунии давлатии шаффоф ва ҳисоботдиҳанда, тартиби муроҷиати шаҳрвандон, худидоракунии маҳаллӣ, вазъи ҳуқуқии вакилон, баррасии ҳакамӣ ва масоили дигари ҳуқуқӣ мукаммал гардониданд.

Қобили зикр аст, ки Қабулгоҳи ҷамъиятӣ дар натиҷаи ҳамкории муштараки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ

»

 бо иштироки ACT CentralAsia ва маблағгузории Вазорати рушди байналмилалии Бритониёи Кабир (DFID) ташкил карда шудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.