Раиси ҲКТ: Ҳукумат ба кормандони Палатаи ҳисоб бояд маоши баланду шоиста муқаррар кунад

Date:

Душанбе. 3-юми июн. «Азия-Плюс» — | Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва намояндаи мардумӣ дар парлумон Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки барои пешгирии даст задани кормандони Палатаи ҳисоби тозатаъсис ба амалҳои коррупсионӣ, ҳукумати ҷумҳурӣ ба онҳо бояд маоши баланду шоиста муқаррар намояд.

Ба акидаи раиси ҲКТ, хамчунин ба хотири роҳ наёфтани шахсони тасодуфиву ғайрикасбӣ ва ҳарису тамаъҷӯй ба сафи палатаи мазкур, ки андешаҳои номатлуб доранд, мебояд чораҳои ҷиддии интихоби кадрҳо барои ин сохторро андешид. «Роҳбари ин сохтор дар баробари мутахассиси соҳибтаҷриба будан, ҳамчунин бояд шахси бовиҷдону поксиришт ва софдил бошад», – иброз дошт ӯ.

Пешвои коммунистон мӯътақид аст, ки таъсиси Палатаи ҳисоб дар пешорӯйи масоили дуздӣ, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷавиву бурсӣ ва сармоягузорӣ монеъаи пурзӯру ҷиддӣ эҷод хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, Шодӣ Шабдолов инчунин мегӯяд, айни замон дар Тоҷикистон назорати пурзӯр аз болои истифодаи маблағҳои буҷавӣ ва дигар воситаҳои молиявӣ мавҷуд нест. «Ғайр аз ин, зимни муайян кардани шумораи ҳайати шахсии Палати ҳисоб ҳукуматро зарур аст, ки масъалаи бо шумораи зиёди кормандон таъмин кардани ин сохторро ба инобат гирад, зеро вазифаҳои ин ниҳод хеле сершумор хоҳанд буд», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи равон вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи аз ҷониби хукумат пешниҳодшудаи Қонун «Дар бораи Палатаи ҳисоби ҶТ»-ро якдилона маъқул шумориданд, ки мутобиқи он, дар кишвар мақомоти олии давлатии назорати молиявӣ таъсис дода мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Таблиғот ва рӯҳияи бегонаситезӣ”. Омили муассири куштори Қобилҷон Алиев дар Русия чӣ аст?

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷиноятҳои мудҳиш дар заминаи...

Юсуфшо Яъқубов: Ҷойи Раҳим Масов холӣ аст

Чанд сол аст, бархе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод доранд,...

Оё оташбас поёни ҷанг аст? Сабақҳо аз ҷанги Исроил бо Эрон

Даргирие, ки 13-уми июн бо ҳуҷуми ногаҳонии Исроил ба...

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст....