Раиси ҲКТ: Ҳукумат ба кормандони Палатаи ҳисоб бояд маоши баланду шоиста муқаррар кунад

Душанбе. 3-юми июн. «Азия-Плюс» — | Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва намояндаи мардумӣ дар парлумон Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки барои пешгирии даст задани кормандони Палатаи ҳисоби тозатаъсис ба амалҳои коррупсионӣ, ҳукумати ҷумҳурӣ ба онҳо бояд маоши баланду шоиста муқаррар намояд. Ба акидаи раиси ҲКТ, хамчунин ба хотири роҳ наёфтани шахсони тасодуфиву ғайрикасбӣ […]

Душанбе. 3-юми июн. «Азия-Плюс» — | Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва намояндаи мардумӣ дар парлумон Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки барои пешгирии даст задани кормандони Палатаи ҳисоби тозатаъсис ба амалҳои коррупсионӣ, ҳукумати ҷумҳурӣ ба онҳо бояд маоши баланду шоиста муқаррар намояд.

Ба акидаи раиси ҲКТ, хамчунин ба хотири роҳ наёфтани шахсони тасодуфиву ғайрикасбӣ ва ҳарису тамаъҷӯй ба сафи палатаи мазкур, ки андешаҳои номатлуб доранд, мебояд чораҳои ҷиддии интихоби кадрҳо барои ин сохторро андешид. «Роҳбари ин сохтор дар баробари мутахассиси соҳибтаҷриба будан, ҳамчунин бояд шахси бовиҷдону поксиришт ва софдил бошад», – иброз дошт ӯ.

Пешвои коммунистон мӯътақид аст, ки таъсиси Палатаи ҳисоб дар пешорӯйи масоили дуздӣ, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷавиву бурсӣ ва сармоягузорӣ монеъаи пурзӯру ҷиддӣ эҷод хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, Шодӣ Шабдолов инчунин мегӯяд, айни замон дар Тоҷикистон назорати пурзӯр аз болои истифодаи маблағҳои буҷавӣ ва дигар воситаҳои молиявӣ мавҷуд нест. «Ғайр аз ин, зимни муайян кардани шумораи ҳайати шахсии Палати ҳисоб ҳукуматро зарур аст, ки масъалаи бо шумораи зиёди кормандон таъмин кардани ин сохторро ба инобат гирад, зеро вазифаҳои ин ниҳод хеле сершумор хоҳанд буд», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи равон вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи аз ҷониби хукумат пешниҳодшудаи Қонун «Дар бораи Палатаи ҳисоби ҶТ»-ро якдилона маъқул шумориданд, ки мутобиқи он, дар кишвар мақомоти олии давлатии назорати молиявӣ таъсис дода мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.