Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои вакилони Парлумони Аврупо посух гуфт

Date:

Душанбе. 7-уми июн. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи муштараки Кумитаи равобити байналмилалӣ ва ҳайати вакилони Парлумони Аврупо оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ сухаронӣ намуда, ба суолҳои вакилони Парлумони Аврупо посух гуфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, вакилони Парлумони Аврупо, аз ҷумла ба масоили дастрасии васеи аҳолии Тоҷикистон ба мактабу маориф, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини шаффофият дар кори сохторҳои идораи давлатӣ, истифодаи захираҳои обу энергетика, мушкилу монеаҳои рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таваҷҷўҳ зоҳир намуданд.

 Тавре аён гардид, таваҷҷўҳи аҳли Парлумони Аврупо ва дигар сохторҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, ба хусус бо назардошти мавқеи калидии геополитикии он дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва имҷкону захираҳои фаровонаш барои таъмини рушду тараққиёти кулли ин минтақаи фарох, рў ба афзоиш дорад.

 Мавриди зикр аст, ки суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Кумитаи равобити байналмилалӣ ва ҳайати вакилони Парлумони Аврупо оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ  ва посухҳои ў ба суолҳои вакилон ба 26 забони аврупоӣ тарҷума ва пахш гардид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Таблиғот ва рӯҳияи бегонаситезӣ”. Омили муассири куштори Қобилҷон Алиев дар Русия чӣ аст?

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷиноятҳои мудҳиш дар заминаи...

Юсуфшо Яъқубов: Ҷойи Раҳим Масов холӣ аст

Чанд сол аст, бархе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод доранд,...

Оё оташбас поёни ҷанг аст? Сабақҳо аз ҷанги Исроил бо Эрон

Даргирие, ки 13-уми июн бо ҳуҷуми ногаҳонии Исроил ба...

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст....