Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои вакилони Парлумони Аврупо посух гуфт

Душанбе. 7-уми июн. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи муштараки Кумитаи равобити байналмилалӣ ва ҳайати вакилони Парлумони Аврупо оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ сухаронӣ намуда, ба суолҳои вакилони Парлумони Аврупо посух гуфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, вакилони Парлумони Аврупо, аз ҷумла ба масоили дастрасии […]

Душанбе. 7-уми июн. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи муштараки Кумитаи равобити байналмилалӣ ва ҳайати вакилони Парлумони Аврупо оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ сухаронӣ намуда, ба суолҳои вакилони Парлумони Аврупо посух гуфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, вакилони Парлумони Аврупо, аз ҷумла ба масоили дастрасии васеи аҳолии Тоҷикистон ба мактабу маориф, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини шаффофият дар кори сохторҳои идораи давлатӣ, истифодаи захираҳои обу энергетика, мушкилу монеаҳои рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таваҷҷўҳ зоҳир намуданд.

 Тавре аён гардид, таваҷҷўҳи аҳли Парлумони Аврупо ва дигар сохторҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, ба хусус бо назардошти мавқеи калидии геополитикии он дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва имҷкону захираҳои фаровонаш барои таъмини рушду тараққиёти кулли ин минтақаи фарох, рў ба афзоиш дорад.

 Мавриди зикр аст, ки суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Кумитаи равобити байналмилалӣ ва ҳайати вакилони Парлумони Аврупо оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ  ва посухҳои ў ба суолҳои вакилон ба 26 забони аврупоӣ тарҷума ва пахш гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.