Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ХБА оид ба Тоҷикистон вазъи иқтисоди ҷумҳуриро баррасӣ карданд

Душанбе. 17-уми июн. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Гурўҳи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Тодд Шнайдерро ба ҳузур пазируфт.  Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони байналмилалии молиявӣ,  аз ҷумла дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, баррасӣ шуд.  Тодд Шнайдер аз натиҷаҳои […]

Азия-Плюс

Душанбе. 17-уми июн. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Гурўҳи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Тодд Шнайдерро ба ҳузур пазируфт.

 Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони байналмилалии молиявӣ,  аз ҷумла дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, баррасӣ шуд.

 Тодд Шнайдер аз натиҷаҳои кори Гурўҳи Хазинаи байналмилалии асъор бо масъулини бахши иқтисодии Тоҷикистон, ки як ҳафта идома дошт, ахбор дода, аз ҷумла иброз намуд, ки беш аз 6% афзоиш ёфтани ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар нишона аз барқароршавии иқтисодиёти он баъди бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ аст.

 Таъкид гардид, ки Хазинаи байналмилалии асъор ва созмонҳою кишварҳои мададрасон таъсири болоравии нархи маводи сўхту озуқаворӣ дар бозори ҷаҳониро ба иқтисодиёти Тоҷикистон пайваста зери назар доранд, то ки тадбирҳои муштараки саривақтӣ барои дастгирии рушд ва пешгирӣ аз тамоюлҳои номатлуби макроиқтисодӣ андешида шаванд.

 Дастгирии истеҳсолоти ватанӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои кишоварзию  саноат, афзун намудани истеҳсоли маводи ниёзи мардум, ба роҳ мондани сиёсати мусоиди пулию қарзӣ ва андозию гумрукӣ аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ арзёбӣ гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.