Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати дастандаркорони бетартибиҳо дар Кӯлоб

Date:

Душанбе. 17-уми июн. «Азия-Плюс» — | Мақомоти додситонии вилояти Хатлон дар робита ба қазияи ахири шаҳри Кӯлоб бобати ба вуқӯъ пайвастани бетартибиҳои оммавӣ нисбати 5 тан, аз ҷумла ду нафар ноболиғони 15 ва 17-сола мутобиқи моддаи 237, қ. 2-и КҶ ҶТ (Авбошӣ) парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар доданд, Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ рӯзи панҷшанбе, 16-уми июни соли ҷорӣ, оид ба ҳодисаи шоми 14-уми июн пас аз вохӯрии дастаҳои «Равшан» (Кӯлоб) ва «Истиқлол» (Душанбе) дар Кӯлоб рухдода иттилоияи расмӣ интишор намуд.

Дар иттилоия зикр мегардад, ки шоми 14-уми июн пас аз анҷоми вохӯрии дастахои футболи «Равшан» ва «Истиқлол» як гурӯҳи иборат аз 100 нафар мухлисон дар кӯчаи 1-уми Май ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ оғоз намуда, кормандони милисаро ҳақорату дашном ва ба сӯйи онҳо сангпартоӣ карданд. Дар иттилоия ҳамчунин гуфта мешавад: «Сарфи назар аз огоҳии кормандони милиса, онҳо ба аъмоли авбошонаи худ идома доданд. Барои пароканда сохтани онҳо кормандони милисаро лозим омад, ки аз воситаи махсус – бастаҳои тарканда истифода кунанд, аммо бо ин ҳам авбошон ором нагардида, муддати 30 дақиқаи дигар ба шикастану оинаву харобсозии автомашинаҳои назди варзишгоҳ гуошташуда пардохтанд. Дар маҷмӯъ, бар асари ин бетартибиҳо 16 тан ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона мунтақил шуданд ва 13 нафари онҳо пас аз расонидани кӯмаки аввали тиббӣ ба хонаҳояшон раҳсипор гардида, 3 тан аз ҷароҳат бардоштагон дар беморхона бистарӣ шуданд. Онҳо бар асари сангпартоӣ ва истифодаи бастаи тарканда осеб дида буданд».

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14-уми май пас аз анҷоми вохӯрӣ миёни дастаҳои футболи «Равшан» ва «Истиқлол», ки дар он соҳибони майдон бо ҳисоби сифр бар 1 аз душанбегиҳо шикаст хӯрданд, бетартибиҳои оммавӣ ба вуқӯъ пайваст, зеро мухлисони мизбонон ба шикасти дастаашон доваронро гунаҳкор медонистанд. Пас аз анҷоми бозӣ дар варзишгоҳ ва гирду атрофи он бетартибиҳои оммавӣ ба вуқӯъ пайваст ва ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муяссар шуд, ки вазъро ором созанд.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...