Б. Ҳабибов: Танзими нархҳо метавонад ба камбуди маҳсулот боис гардад

Date:

Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Раиси Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон Баҳодур Ҳабибов бар ин назар аст, ки ташаббуси Хадамоти зиддиниҳисории назди ҳукумати ҷумҳурӣ бобати танзими нархҳо ба чанде аз маводи ғизоии мавриди ниёзи аввалия аз ҷониби ҳукумат метавонад ба камбуди он дар бозори дохилӣ боис гардад.

Ба қавли вай, дар кишварҳои гуногун дар мавриди зарурат аз чунин таҷриба кор гирифта шудааст, вале ин хароҷоти иловагӣ аз буҷаи ин кишварҳо ва дар навбати худ аз истеҳсолкунандагонро ҳам тақозо намудааст. «Солҳои сиюми қарни гузашта ҳукумати ИМА ба ширкатҳои бузурги истеҳсолкунанда кодекси тиҷорати боинсофу софдилонаро пешниҳод намуданд, то ки онҳо арзиши изофӣ дар фурӯши чаканаро беасос боло набаранд, вале ман боварӣ надорам, ки буҷаи Точикистон дар ин ҳолат хароҷоти истеҳсолкунандагонро ҷуброн карда тавонад, – мегӯяд ӯ. – Агар сухан сари танзими нархи маҳсулоти ватанӣ равад, онро чӣ гуна метавон анҷом дод? Қимати воқеъии маҳсулоти ватаниро чӣ гуна метавон коҳиш дод? Ба маҳсулоти воридотӣ мо метавонем танҳо андози дохилиро кам намоем».

Ба ақидаи Б.Ҳабибов, агар ҳукумат хароҷоти таъминкунандагони маҳсулотро ҷуброн карда натавонад, роҳандозии пешниҳоди хадамоти зиддиниҳисорӣ метавонад ба камбуди маҳсулот дар бозори дохилӣ оварда расонад. «Ҳатто овозаҳои ҷорисозии танзими нарх ба ин ё он маҳсулот ба он оварда мерасонад, ки воридоти ин навъи маҳсулот коҳиш меёбад, зеро тиҷорат қоидаву тартиботи худро дорад ва ҳеҷ кас ба зиёни худ кор нахоҳад кард», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати кишвар ҷорӣ сохтани танзими давлатии нархҳо ба баъзе маҳсулоти мавриди ниёзи аввалия барои ҷомеаро пешниҳод сохтааст ва кормандони ин хадамот лоиҳаи муқаррарот, тартиби ташаккул ва истифодаи нархҳои озод ба маҳсулот ва навъҳои хизматгузориро таҳия кардаанд. Дар ин лоиҳа муқаррар кардани маблағи иловаи фурӯши чакана ба баъзе маҳсулот пешниҳод мегардад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...