Дар Душанбе қимати сӯзишвории дизелӣ каме коҳиш ёфт

Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Тайи чанд рӯзи ахир дар пойтахти ҷумҳурӣ қимати сӯзишвории дизелӣ каме коҳиш ёфт. Агар қаблан дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ қимати 1 литр солярка 6,30-6,50 сомониро ташкил медод, пас феълан он бо арзиши 6 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дар ҶСК «Газпромнефт-Тоҷикистон», ки воридкунандаи асосии маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон маҳсуб меёбад, […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Тайи чанд рӯзи ахир дар пойтахти ҷумҳурӣ қимати сӯзишвории дизелӣ каме коҳиш ёфт.

Агар қаблан дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ қимати 1 литр солярка 6,30-6,50 сомониро ташкил медод, пас феълан он бо арзиши 6 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Дар ҶСК «Газпромнефт-Тоҷикистон», ки воридкунандаи асосии маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон маҳсуб меёбад, коҳиши қимати сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистонро ба раванди маъмулии тартиботи бозор шарҳ доданд, яъне феълан талабот ба маводи сӯзишвории дизелӣ дар бозор  пешниҳодро қонеъ месозад.

Дар ҳамин ҳол, қимати бензин чун пештара боқӣ монда, дар ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» гуфтанд, ки ахиран арзиши бензин дар таърихи 8-уми июни соли ҷорӣ ба андозаи 62 дирам боло рафта буд. Айни замон дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории ширкати мазкур қимати бензини навъи АИ-80 – 5,80 (то 8-уми июн 4,95), АИ-92 – 5,90 (5,25), АИ-95 – 6 (5,50) ва АИ-98 – 6,1 (5,65) сомониро ташкил медиҳанд.

Директори генералии ҶСК «Газпромнефт-Тоҷикистон» Фарҳод Мирзоев чанд рӯзе қабл изҳор дошта буд, ки моҳи май Русия содироти бензини навъҳои АИ-92,АИ-95 ва АИ-98-ро ба таври хеле назаррас коҳиш дод ва моҳи июн низ беҳбудие дар ин самт ба назар намерасад. «Чунин вазъ ба он вобаста аст, ки дар як қатор минтақаҳои Русия маҳз дар таъмини чунин навъҳои бензин камбуд ба мушоҳида мерасад ва шояд нимаи дуюми моҳи июл ин мушкилот роҳи ҳалли худро пайдо намояд», – гуфт ӯ.

Ба қавли Ф. Мирзоев, феълан дар масъааи таъминоти бензини навъи АИ-80, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ ҳеҷ мушкилие ҷой надорад ва онҳо мунтазам ворид мешаванд. Дар робита ба масъалаи болоравии қимати маводи сӯзишвории воридотӣ аз Русия номбурда гуфт, он сарфи назар аз тасмими мақомоти раҳбарии ширкат сурат гирифтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.