Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ягон лоиҳаеро бар зиёни ҳамсоягони худ амалӣ нахоҳад кард

Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Гурўҳи махсуси иттилоотӣ доир ба масоили оби Комиссияи Миллии Ассамблеяи Фаронса оид ба корҳои хориҷиро бо роҳбарии Леонел Люка ба ҳузур пазируфт.  Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот мушкилоти вобаста ба об дар минтақа ва ҷаҳон ва роҳҳои истифодаи […]

Азия-Плюс

Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Гурўҳи махсуси иттилоотӣ доир ба масоили оби Комиссияи Миллии Ассамблеяи Фаронса оид ба корҳои хориҷиро бо роҳбарии Леонел Люка ба ҳузур пазируфт.

 Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот мушкилоти вобаста ба об дар минтақа ва ҷаҳон ва роҳҳои истифодаи босамар аз захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.

 Тавре Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, «Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ягон лоиҳаеро бар зиёни ҳамсоягони худ амалӣ нахоҳад кард ва мо  ҳамеша омодаи муколама ва ҳамкорӣ мебошем».

 Бо ёдоварӣ аз ташаббусҳои обии Тоҷикистон, ки имрўз дар ҷаҳон ба нафъи мардуми кулли сайёра босамар татбиқ мегарданд, изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ баҳсу мунозираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳаллу фаслу худро меёбанд.

 Дар мулоқот ҳамчунин доир ба паҳлўҳои дигари авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон ва мавзўъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ гуфтугўи судманд сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.