Қӯрғонтеппа: Дар таътил кӯдакон ба омӯзиши ислом машғул мешаванд

Date:

Қӯрғонтеппа. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Мақомоти раҳбарии масҷиди марказии шаҳри Қӯргонтеппа эълон кард, ки дар мадрасаи назди масҷид барои кӯдакони аз синни 7-сола боло курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ислом  ифтитоҳ мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз масҷиди мазкур хабар дод, ин курсҳо ба хотири он ташкил карда шудаанд, ки «наврасону кӯдакон дар давраи таътил ба беҳудагардиву корҳои ношоям даст назада, дар ин ҷо бо асосҳои улуми ислому шариат аз наздик ошно гарданд». «Кӯдакон бо розигии падару модаронашон ба курсҳо қабул гардида, аллакай даҳҳо нафар ба омӯзиш шурӯъ карданд», – гуфт ӯ.

Манбаъ афзуд, тасмими мазкур ҳамчунин бо мақсади пешгирии таълимоти ғайриқонунии ислом аз ҷониби ашхоси ноогоҳ, ки саводи казоии динӣ ва иҷозатномаи дахлдор надоранд, низ рӯйи кор омадааст.

Зимнан таъкид бояд намуд, ки тайи чанд моҳи ахир додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа 4 нафар сокини шаҳрро барои роҳандозии таълимоти ғайриқонунии динӣ дар хонаҳояшон ба ҷазои маъмурӣ маҳкум кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...