Қӯрғонтеппа: Дар таътил кӯдакон ба омӯзиши ислом машғул мешаванд

Қӯрғонтеппа. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Мақомоти раҳбарии масҷиди марказии шаҳри Қӯргонтеппа эълон кард, ки дар мадрасаи назди масҷид барои кӯдакони аз синни 7-сола боло курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ислом  ифтитоҳ мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз масҷиди мазкур хабар дод, ин курсҳо ба хотири он ташкил карда шудаанд, ки «наврасону кӯдакон дар давраи […]

Сайраҳмон Назриев

Қӯрғонтеппа. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Мақомоти раҳбарии масҷиди марказии шаҳри Қӯргонтеппа эълон кард, ки дар мадрасаи назди масҷид барои кӯдакони аз синни 7-сола боло курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ислом  ифтитоҳ мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз масҷиди мазкур хабар дод, ин курсҳо ба хотири он ташкил карда шудаанд, ки «наврасону кӯдакон дар давраи таътил ба беҳудагардиву корҳои ношоям даст назада, дар ин ҷо бо асосҳои улуми ислому шариат аз наздик ошно гарданд». «Кӯдакон бо розигии падару модаронашон ба курсҳо қабул гардида, аллакай даҳҳо нафар ба омӯзиш шурӯъ карданд», – гуфт ӯ.

Манбаъ афзуд, тасмими мазкур ҳамчунин бо мақсади пешгирии таълимоти ғайриқонунии ислом аз ҷониби ашхоси ноогоҳ, ки саводи казоии динӣ ва иҷозатномаи дахлдор надоранд, низ рӯйи кор омадааст.

Зимнан таъкид бояд намуд, ки тайи чанд моҳи ахир додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа 4 нафар сокини шаҳрро барои роҳандозии таълимоти ғайриқонунии динӣ дар хонаҳояшон ба ҷазои маъмурӣ маҳкум кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.