Таъсиси Ассоссиатсияи тоҷирони Покистон дар Тоҷикистон

Душанбе. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо гурӯҳи соҳибкорони покистонӣ таҳти роҳбарии Раиси Ассосиатсияи тоҷирони Покистон дар Тоҷикистон – Наим Раҳмон доир гардид.  Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот ҳамкориҳои тиҷоратии миёни ду кишвар […]

Азия-Плюс

Душанбе. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо гурӯҳи соҳибкорони покистонӣ таҳти роҳбарии Раиси Ассосиатсияи тоҷирони Покистон дар Тоҷикистон – Наим Раҳмон доир гардид.

 Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот ҳамкориҳои тиҷоратии миёни ду кишвар ва фаъолияти соҳибкорони покистонӣ дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

 Наим Раҳмон иброз дошт, ки дар Тоҷикистон Ассосиатсияи тоҷирони Покистон ташкил ёфта, барои густариши ҳамкориҳои тиҷоратии ду кишвар мусоидат менамояд. Ба ақидаи Наим Раҳмон, Тоҷикистон дорои имкониятҳои хуби истеҳсолӣ ва ашёи хоми арзон аст, ки ин омилҳо барои фаъолияти соҳибкорони покистонӣ ниҳоят мувофиқ мебошанд.

 Сафир изҳор дошт, ки баъди баргузории бизнес форуми соҳибкорони Тоҷикистону Покистон ҳамкориҳои тиҷоратии миёни ду кишвар густариш ёфта, фаъолияти соҳибкорону тоҷирон такони тоза касб кард. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорони покистоние, ки имкониятҳои воқеӣ доранд ва мақсадашон дар Тоҷикистон бунёд намудани корхонаҳо, сармоягузорӣ ё ворид намудани молу маҳсулот аст, ҳаматарафа мусоидат мекунад.

 Дар охири сӯҳбат Наим Раҳмон зикр намуд, ки Ассосиатсияи тоҷирони покистонӣ барои самаранок ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорони Покистон дар Тоҷикистон ҳамаҷониба кӯшиш менамояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.