С.Сафаров: Ба сафи кишварҳои ноком шомил кардани Тоҷикистон қобили қабул нест

Душанбе. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Зимни шарҳи натоиҷи интишоршудаи рейтинги кишварҳои ноком аз ҷониби «Бунёди Сулҳ» (Fund for Peace)  ва маҷаллаи «Сиёсати байнулмилалӣ» (Foreign Policy), ки Тоҷикистонро ба сафи кишварҳои ноком шомил кардаанд, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров изҳор дошт, ки ба хулосаҳои он мувофиқ нест. Ба гуфтаи вай, […]

Аҳмадалӣ Тоҷиддинов

Душанбе. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Зимни шарҳи натоиҷи интишоршудаи рейтинги кишварҳои ноком аз ҷониби «Бунёди Сулҳ» (Fund for Peace)  ва маҷаллаи «Сиёсати байнулмилалӣ» (Foreign Policy), ки Тоҷикистонро ба сафи кишварҳои ноком шомил кардаанд, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров изҳор дошт, ки ба хулосаҳои он мувофиқ нест.

Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон ва ҳамчунин Ӯзбекистонро чун кишварҳои ноком арзёбӣ кардан қобили қабул нест, зеро ин кишварҳо дар ҷанбаҳои гуногун дар ҳоли рушд қарор дошта, масоили зиёди сиёсӣ ва иқтисодии худро муваффақона ҳал мекунанд. «Ба ҳар ҳол, дар кишвари мо низоми бисёрҳизбӣ фаъолият дошта, иттиҳодияҳо амал мекунанд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳоли ташаккул аст», – гуфт ӯ.

Ғайр аз ин, коршинос бар ин назар аст, ки таҳиягарони рейтинг тарзу усулҳои ба худ хоси баҳодиҳӣ ба ин ё он кишварро доранд ва усулҳои онҳо метавонанд масоилеро фаро гиранд, ки дар ҷомеаи мо ба он чандон таваҷҷӯҳ зоҳир намесозанд, вале он барои онҳо асосиву арзанда арзёбӣ мегардад. «Ин ҷо менталитет ва дарки «комёб»-у «ноком» гуногун аст», – мегӯяд С.Сафаров.

Ба сифати яке аз комёбиҳои Тоҷикистон С.Сафаров раванди истиқрори сулҳ дар Тоҷикистонро мисол меорад. «Миёни аксари кишварҳои африқоиву аврупоӣ ва Афғонистон, ки ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуданд, мо комёбтарем, зеро ба истиқрори сулҳ миёни мухолифин ва ҳукумат ноил гардида, пеши роҳи ҷанги бародаркушро гирифтем», – иброз дошт вай.

Соли гузашта мавқеъи Тоҷикистон нисбатан бадтар буд, яъне як зинаи поин – мақоми 38-умро ишғол мекард. Дар робита ба ин коршинос чунин ибрози андеша намуд: «Мақоми соли гузаштаи Тоҷикистон дар ин рейтинг шояд дуруст бошад, зеро соли гузашта дар кишвари мо рӯйдодҳои мушаххасе ба вуқӯъ пайваста буданд, ки инро касе инкор намекунад. Соли равон бошад, мо як зина боло рафтем. Соли равон мо саркардагони қочоқбарони маводи нашъавоар ва ҷинояткоронро нобуд хоҳем кард. Масалан, чанде қабл як маҳбуси фирории тавқифгоҳи КДАМ кушта ва дигарӣ боздошт шуд ва фикр мекунам, ки ин хабари хушест барои аҳолии ҷумҳурӣ», – афзуд С.Сафаров.   

Ёдрас мекунем, ки аввали ҳафтаи равон «Бунёди Сулҳ» (Fund for Peace)  ва маҷаллаи «Сиёсати байнулмилалӣ» рейтинги кишварҳои нокомро интишор карданд, ки Тоҷикистон низ дар радифи ин кишварҳо қарор гирифтааст. Дар рейтинг бо назардошти 12 масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъии давлатҳо ва ҳамчунин то чӣ андоза судовар будани фаъолияти ҳукуматҳо ба вазъи 177 кишвари ҷаҳон баҳо дода шудааст. Дар рейтинги имсола Тоҷикистон дар мақоми 39 қарор гирифтааст, ки аз Ӯзбакистон як зина ва аз Қирғизистон ду зина болотар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.