Хатари ҳамлаи малах ба заминҳои кишт комилан пешгирӣ шуд

Date:

Душанбе. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | Хатари ҳамлаи малах ба заминҳои кишт ва чарогоҳҳо комилан пешгирӣ карда шуда, ҳамчунин қисмати зиёди майдони осебдида коркард карда шуд. Ғайр аз ин, давраи наслдиҳии малахаи марокашӣ низ хотима ёфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори Корхонаи воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах» Қиёмиддини Ғаниев хабар дод, соли равон аз ҳуҷуми малах дар Тоҷикистон майдони умумии беш аз 153 ҳазор гектар замин осеб дид, ки аз он дар майдони 130,8 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. «Бар асари хушксолии имсола майдони зарардида аз ҳуҷуми малах нисбат ба соли гузашта ба андозаи 57 ҳазор гектар афзуда, ҳатто ҳолатҳое ба мушоҳида расиданд, ки малах дар заминҳои кишт пайдо шуд, вале дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ аз талафи ҳосил ҷилавгирӣ карда шуд», – гуфт ӯ.

Қ.Ғаниев мегӯяд, сарфи назар аз обуҳавои ниҳоят гарм, дар аксари манотиқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ малах аллакай нобуд гардида, сарчашмаҳои паҳншавии он танҳо дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд боқӣ мондаанд. «Барои ҳарчи зудтар нобуд сохтани он мо ба вилояти Суғд ба таври иловагӣ заҳрҳои кимиёвӣ ва дастгоҳу таҷҳизот фиристодем», – иброз дошт вай.

Дар робита ба масъалаи вазъ дар ноҳияҳои наздимарзӣ, Қ. Ғаниев гуфт, дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ бо Ӯзбекистон баҳри пешгирии ҳуҷуми малах чораҳои муштарак андешида шуда, дар он ҷо ҳеҷ мушкилоте ҷой надошт, вале дар қаламрави марзӣ бо Афғонистон то ҳанӯз мушкилот мавҷуд аст, зеро дар қаламрави Афғонистон мавзеъҳои биёбон хеле зиёд буда, ҷониби Афғонистон низ ба ин масъала чандон таваҷҷӯҳе зоҳир намесозад. «Акнун, ки малах тухм гузошту, насли он пас аз 9 моҳ пайдо мешавад, мо омодагӣ ба мавсими навро шурӯъ мекунем», – афзуд номбурда.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...