Боздошти 40 нафар ба далели бетартибиҳо дар пойтахт

Душанбе. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | Ба далели бетартибиҳои оммавие, ки пас аз вохӯрии дастахои фтуболи «ССКА-Помир» (Душанбе) ва «Равшан» (Кӯлоб) дар пойтахт ба вуқӯъ пайвастанд, 40 нафар боздошт ва мутобиқи моддаи «Авбошӣ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори  сарситоди Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Тоҳир Норматов хабар дод, шоми дирӯз пас аз […]

Asia-Plus

Душанбе. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | Ба далели бетартибиҳои оммавие, ки пас аз вохӯрии дастахои фтуболи «ССКА-Помир» (Душанбе) ва «Равшан» (Кӯлоб) дар пойтахт ба вуқӯъ пайвастанд, 40 нафар боздошт ва мутобиқи моддаи «Авбошӣ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори  сарситоди Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Тоҳир Норматов хабар дод, шоми дирӯз пас аз анҷоми вохӯрии дастаҳои «ССКА-Помир» ва «Равшан», ки бо ҳисоби 2 бар 3 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт, мухлисон ба кӯча баромада, роҳи гузарро бастаанд. «Онҳо ба талаби кормандони милиса бобати кушодани роҳ аҳамият надода, ба шикастани шишаҳои тирезаҳои автомашинаҳои дар наздикиҳо қарордошта оғоз намуданд», – гуфт ӯ.

Т.Норматов мегӯяд, ҳаҷми зарар он қадр зиёд набуд, шишаҳои тирезаи пеши се автомашинаи дар наздикии варзишгоҳи «Политехникум» қарордошта шикаста шуданд. «Дигар зарар ва ҷабридидагон ба қайд гирифта нашудаанд», – таъкид сохт номбурда.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар ҳодисаи ба вуқӯъ пайвастани беназмиҳо мухлисони дастаи «Равшан» даст доранд. Аз рӯйи ин далел тафтишот идома дорад.


Акс аз саҳифаи дасти футболи «Равшан» дар Facebook

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.