Сармураббии «Равшан»: Ба фикрам, онҳо мухлисони кӯлобӣ набуданд

Душанбе. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | «Ба назарам, онҳо мухисони кӯлобии «Равшан» набуданд», – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сармураббии дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб Маъруф Рустамов. «Вохӯрӣ оромона сурат гирифта, пас аз анҷоми он футболбозон озими Кӯлоб шуданд ва чанде аз мухлисон ҳам ба мо занг зада гуфтанд, ки ба Кӯлоб равонаанд. Намедонам, […]

Ҳайдар Шодиев

Душанбе. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | «Ба назарам, онҳо мухисони кӯлобии «Равшан» набуданд», – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сармураббии дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб Маъруф Рустамов.

«Вохӯрӣ оромона сурат гирифта, пас аз анҷоми он футболбозон озими Кӯлоб шуданд ва чанде аз мухлисон ҳам ба мо занг зада гуфтанд, ки ба Кӯлоб равонаанд. Намедонам, кӣ ба ин корҳо даст зада бошад», – изҳор дошт номбурда.

Ба қавли М.Рустамов, пас аз бетартибиҳои рухдода баъди вохӯрӣ бо дастаи «Истиқлол» аксари мухлисон боздошт шуда, мақомоти раҳбарии даста бо онҳо сӯҳбатҳо доир намудааст. «Ҳамаи ин бар зарари даста аст, зеро акнун мо 5 бозиро дар майдонҳои бегона мегузаронем, ки албатта, ба рӯҳияи футболбозон бетаъсир буда наметавонад», – афзуд сармураббии даста.

Дар шарҳи беназмиҳои рухдода пас аз анҷоми вохӯрии дастаҳои «ССКА-Помир» ва «Равшан» дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Шералӣ Давлатов чунин ибрози андеша намуд: «Тавре ба мо маълум аст, бозии ин дастаҳо дар варзишгоҳи «Политехникум» бидуни бетартибӣ доир шуд. Намояндагони Федератсияи футбол ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри таъмини тартибот дар варзишгоҳ тамоми чораҳоро андешиданд. Он чӣ, ки берун аз варзишгоҳ ба вуқӯъ пайваст, ба слоҳияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста аст».

Ш.Давлатов ҳамчунин гуфт, минбаъд низ Федератсияи футболи Тоҷикистон баҳри таъмини амният дар варзишгоҳҳо аз тамоми тадбиру чораҳо кор хоҳад гирифт, вале ҳалли мушкилоти мазкур бештар ба худи дастаҳо вобаста аст. «Дастаҳо бояд миёни мухлисони худ корҳои фаҳмондадиҳиро бештар ба роҳ монанд», – афзуд ӯ. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.