Ноҳияи Турсунзода: Марди 29-сола аз тири автомати Калашников ба қатл расид

Date:

Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар ноҳияи Турсунзода як сокини маҳаллӣ аз тири автомати Калашников ба қатл расонида шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, куштор бевақтии шаби 23-юми июн ба вуқӯъ пайваста, шахсони номаълум сокини деҳаи Ободон Зокирҷон Хидирови 29-соларо дар манзили зисти шахсиаш бо автомат паррондаанд ва сипас аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. «Дар ҷойи ҳодиса 4 дона тири қутри 7,62 мм ва гилзаи тирро дарёфт намудаанд», – гуфт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, айни замон ҷиҳати боздошти афроди ин ҷиноятро содирнамуда чораҳо андешида мешаванд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, соли равон кормандони вазорат 610 адад аслиҳаи оташфишон, аз ҷумла 144 адад автомати Калашников, 103 адад таппонча, 104 адад аслиҳаи дигари бурранда, 59 адад норинҷакафкан ва дигар муҳимотро дарёфт ва мусодира намудаанд.

Гуфта мешавад, аз замони имзои фармони президенти Тоҷикистон «Дар бораи ихтиёрӣ супоридан ва мусодираи силоҳи оташфишон, муҳимот ва техникаи низомӣ аз аҳолии ҶТ»  аз соли 2004 то имрӯз ҳудуди 34 ҳазор адад силоҳи оташфишон ва муҳимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира гардидааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...