Ноҳияи Турсунзода: Марди 29-сола аз тири автомати Калашников ба қатл расид

Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар ноҳияи Турсунзода як сокини маҳаллӣ аз тири автомати Калашников ба қатл расонида шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, куштор бевақтии шаби 23-юми июн ба вуқӯъ пайваста, шахсони номаълум сокини деҳаи Ободон Зокирҷон Хидирови 29-соларо дар манзили зисти шахсиаш бо автомат паррондаанд ва […]

Наргис Ҳамробоева

Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар ноҳияи Турсунзода як сокини маҳаллӣ аз тири автомати Калашников ба қатл расонида шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, куштор бевақтии шаби 23-юми июн ба вуқӯъ пайваста, шахсони номаълум сокини деҳаи Ободон Зокирҷон Хидирови 29-соларо дар манзили зисти шахсиаш бо автомат паррондаанд ва сипас аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. «Дар ҷойи ҳодиса 4 дона тири қутри 7,62 мм ва гилзаи тирро дарёфт намудаанд», – гуфт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, айни замон ҷиҳати боздошти афроди ин ҷиноятро содирнамуда чораҳо андешида мешаванд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, соли равон кормандони вазорат 610 адад аслиҳаи оташфишон, аз ҷумла 144 адад автомати Калашников, 103 адад таппонча, 104 адад аслиҳаи дигари бурранда, 59 адад норинҷакафкан ва дигар муҳимотро дарёфт ва мусодира намудаанд.

Гуфта мешавад, аз замони имзои фармони президенти Тоҷикистон «Дар бораи ихтиёрӣ супоридан ва мусодираи силоҳи оташфишон, муҳимот ва техникаи низомӣ аз аҳолии ҶТ»  аз соли 2004 то имрӯз ҳудуди 34 ҳазор адад силоҳи оташфишон ва муҳимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.