Дарёфти пинҳонгоҳи навбатии маводи нашъаовар дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Date:

Душанбе. 29-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои муштараки  фаврӣ-ҷустуҷӯйии кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар ВМКБ ва марзбонон дар километри 9-уми роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим як пинҳонгоҳи маводи мухаддир дарёфт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд, пинҳонгоҳ бо кӯмаки саги хидматӣ ошкор гардида, аз он 19,2 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш ва 1,9 кило героин дарёфт шудааст.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, айни замон бобати муайян кардани афроди дар ин ҷиноят дастдошта тадбирҳо андешида мешаванд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...